Аввалин бурди Венесуэла ва Мексика дар Ҷоми Амрико

Июнь 8, 2016 11:37

Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи даври аввали бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Амрико, дар гурӯҳи С дастаи футболи мунтахаби Мексика бо тими миллии Уругвай вохӯрӣ анҷом доданд. Ин дидор хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ва пирӯзии дастаи мунтахаби Мексика поён ёфт.
Ҳисоби бозӣ аллакай дар дақиқаи 4-ум кушода шуд. Алваро Перейра ба дарвозаи худаш гол зад. Уругваиҳо танҳо дар дақиқаи 70-уми бозӣ тавонистанд ҳисобро баробар кунанд ва ин голро ҳимоятгари дастаи «Атлетико»-и Мадрид  Диего Година ба номи худ муҳр зад. Аммо уругваиҳо ҳисоби мусовиро дер нигоҳ надоштанд.
Баъд аз 15 дақиқа собиқадори дастаи мунтахаби Мексика Рафаэл Маркес бо голи задааш имтиёзи тими худро бештар сохт. Дар дақиқаҳои иловагӣ нимҳимоятгари тими «Порту» Эктор Эррера ҳисоби бозиро муайян намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи С дастаи  Уругвай бозии дигари худро 10 июн бо тими мунтахаби Венесуэла доир менамояд. Дастаи  футболи мунтахаби Мексика бо тими Ямайка дидор анҷом медиҳад.

Июнь 8, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст