Аввалин пирӯзии Аргентина дар Ҷоми Амрико
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду дастаи футболи мунтахаби пурқуввати гурӯҳи «Д»-и мусобиқаи Ҷоми Амрико- Аргентина ва Чили бозии аввалини худро баргузор намуданд. Хотиррасон мешавем, ки ҳарду даста дар мусобиқаи соли 2015 ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза бурда буданд, ки дар натиҷа тими мунтахаби Чили дастболо гардида буд. Акнун дар ин мусобиқаи ғайринавбатӣ, ки ба хотири 100-солагии таъсиси Ҷоми Амрико гузаронида мешавад, ин тимҳои миллӣ шомили як гурӯҳанд.
Бозии тимҳои миллии Аргентина ва Чили дар варзишгоҳи Левайси штати Калифорния баргузор гардид. Дар ин дидор капитани дастаи мунтахаби Аргентина Леонел Месси бо иллати ба пуррагӣ барқарор нашудани вазъи саломатиаш ба майдон набаромад. Нимаи аввали бозӣ бидуни гол ҷамъбаст гардид, ҳарчанд ки футболбозони ҳарду кишвар имкони мусоиди кушодани ҳисобро доштанд. Бозингарон дар майдон бисёр эҳтиёткорона ҳунарнамоӣ карданд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ футболбози клуби ПСЖ ва тими миллии Аргентина Анхел Ди Мария дар дақиқаи 51-уми дидор голи аввалинро таслими дарвозаи мунтахаби Чили намуд.
Баъд аз 8 дақиқа футболбози дигари тими мунтахаби Аргентина Эвер Банега голи дуюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Вақти асосии дидор бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.
Довар се дақиқаи дигар илова намуд, ки аз он бозингарони мунтахаби Чили истифода карданду аввалин голи худро вориди дарвозаи Аргентина намуданд.
Ҳамин тариқ, дидори тимҳои мунтахаби Аргентина ва Чили бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






