Аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара-Син Силу-Текстил» ба ДТТ 1000 дархост ворид гардидааст

Июнь 6, 2016 09:47

Душанбе, 06.06.2016./АМИТ «Ховар»/. 4-уми май дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони соли 2016 чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату кумитаҳо, корхонаву муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Вазорати кишоварзӣ, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, Коллеҷи техникии ДТТ, Литсейи техникӣ-нассоҷии шаҳри Душанбе, Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин намояндагони дигар иштирок намуда, ба хатмкунандагон  оид ба кор ва корхонаи худ маълумоти муфассал доданд.
Муовини аввали ректор, муовин оид ба таълими ДТТ Сафаралӣ Гадоев зикр кард, ки: «Соли равон зинаи якуми таҳсили (бакалаври) Донишгоҳро аз рӯйи 52 ихтисос 1744 нафар, аз ҷумла, 555 нафар буҷавӣ, 1189 нафар шартномавӣ ва 54 нафар аз тариқи квотаҳои президентӣ хатм менамоянд, ки то имрӯз аз ҷониби вазорату кумита ва корхонаҳо 1169 дархост барои қабул ба кор ворид гардидааст.
«Дархостҳои воридгардида аз ҶСП «Ҷунтай Данғара-Син Силу-Текстил» барои 1000 нафар, аз Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе барои 10 нафар, аз  Гвардияи миллӣ барои 40 нафар, аз Литсейи касбии техникии саноатӣ-нассоҷии ш. Душанбе  барои 9 нафар ва аз чандин корхонаҳои дигар барои якнафариро ташкил медиҳанд»,- зикр кард номбурда.
Сафаралӣ Гадоев зикр намуд, ки: «Шахсоне, ки аз тариқӣ буҷавӣ донишгоҳро хатм кардаанд, бояд ба таври роҳхат ба корхонаҳои давлатӣ сафарбар карда шаванд ва дар он ҷо се сол ҳатман фаъолият намоянд. Шахсоне, ки аз тариқи квотаҳои президентӣ донишгоҳро хатм кардаанд, бояд ба ноҳияҳои мувофиқ, ки аз он ҷо  ба донишгоҳ фиристода шудаанд, рафта, се сол кор кунанд ва баъд дипломашонро гиранд».
Мудири шуъбаи рушди касбияти ДТТ Эмомиддин Тауров зикр кард, ки дар соли таҳсили 2015-2016 196 нафар аз рӯйи 13 ихтисос зинаи магистратураи донишгоҳро хатм менамоянд, ки аз онҳо 46 нафар буҷавӣ ва 150 нафар шартномавӣ мебошанд.

Июнь 6, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд