Ба имзо расидани Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 09.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонҳо «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Фармонҳои мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидаанд.
Дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор мегарданд ва тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур дарназар дошта шудааст, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо ворид карда мешаванд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд






