Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғҳои замонавии фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд мегарданд
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» -ро эълон намуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Нуралӣ Мирзоалиев, сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг иттилоъ дод, ки баъди ба тасвиб расидани қарори ҳайати мушовараи вазорат ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» мактуб ирсол гардида буд ва мусобиқаи мазкур аз моҳи апрели соли равон оғоз ёфта, то моҳи августи соли равон идома ёфта, дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
-Мақсад аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» омӯзишу такмили фаъолияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳатии сокинони ҷумҳурӣ табдил додани онҳо ва ба ин васила рангину ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоии фарҳангӣ мебошад,- зикр намуд Н. Мирзоалиев.
-Боғҳои фарҳанг ва фароғатие, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд, аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонида мешаванд,-афзуд Н. Мирзоалиев.
Хотиррасон менамоем, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 48 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 13 адад, дар вилояти Хатлон 19 адад, дар ВМКБ 1 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 адад боғҳо фаъолият менамоянд. Дар ноҳияи Истаравшан як боғи хусусии фарҳангию фароғатӣ ба мардум хизмат мерасонад.
Барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Мӯъминобод, Хуросон, Ховалинг, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.
Мутаассифона, на дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истироҳати шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда буданд ва мушкилоти асосӣ дар фаъолияти онҳо корношоям гардидани аттраксионҳо, чархофалаку арғунчакҳо, мавҷуд набудани биноҳои маъмурӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.
Боварӣ дорем, ки баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» дар ҳалли мушкилоти мавҷуда кумак расонида, барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба талаботи замон ҷавобгӯ мусоидат хоҳад кард.








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






