Ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Суғд лагерҳои нав фаъол гаштанд
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов лагери нави ҳозиразамон «25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва дар шаҳри Гулистон лагери «Шоҳин», ки ҳарду ба тамоми талаботи замони муосир ҷавобгўянд, дарҳояшонро барои қабули хонандагон боз карданд.
Тавре ки Маҳмадалӣ Афғонов, директори МД «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар соли таҷлили ҷашни истиқлолият дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд лагери беруназшаҳрии «Чиларча» низ дари худро бори аввал барои қабули кўдакону наврасон боз хоҳад кард.
Аксари лагерҳои беруназшаҳрии вилоят дар муҳлати муайяншуда барои қабули кўдакон омода хоҳанд гашт, вале мутаассифона, дар мавзеъҳои истироҳатии «Сиёвуш»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, «Оташак»-и назди ҶСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара бо сабаби набудани маблағ корҳои таъмиру тармим оғоз нагардидаанд,-илова намуд М.Афғонов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






