Бадахшон: Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бештар бошанд
Хоруғ 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ВМКБ ба масъалаи нақши ин Шӯро дар Ваҳдати миллӣ бахшида шуд, ки дар он раиси вилоят, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят нақши Шӯрои ҷамъиятиро дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвар муассир арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки аъзои он дар вилоят ҳамеша аз худ дар маҳфилу нишастҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ мавқеи фаъол нишон медиҳанд ва бо мақомоти давлатӣ дар ҳалли бисёр масоил ҳамкорӣ менамоянд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 277 созмони ҷамъиятӣ сабти ном шудаанд ва мутобиқ ба оинномаву барномаҳояшон озодона фаъолият мекунанд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода аз ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ бо сохторҳои давлатӣ ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз ҳамин иртиботи судманд ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кумаки ҳамаҷониба расонд. Инро мо дар ҳаёти ҳамарӯзаи сокинони вилоят низ эҳсос мекунем. Дар чанд соли охир ба хотири пешрафти риштаҳои гуногун ва ободонии шаҳру навоҳии вилоят аз буҷаи кишвар 6 миллиард сомонии он ихтисос дода шуд, ки 315 миллион сомонӣ барои бунёди неругоҳҳои барқӣ масраф гардид.
Намояндагони созмонҳои ҷамъиятии вилоят низ аз кумаку дастгирӣ ва ҳамкории судманди ин шӯро изҳори каноатмандӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки барои зиёд намудани теъдоди аъзои он талош кунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






