Баргузории Рӯзи мусиқӣ дар Душанбе
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз 23 то 25 июни соли равон чорабинии фарҳангии Рӯзи мусиқӣ доир мегардад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда рӯзи нахустин, яъне 23-уми июн бо намоиши дастовардҳои ҳунармандон таҳти унвони «Булбулони Тоҷикистон» дар гулгашти шафати Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда, дар он гурӯҳи ҳунармандон аз Кансерваторияи миллӣ ба номи Талабхуҷа Сатторов баромад менамоянд. Баъдан намоиши барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи фаронсавӣ Оттили (Б) ба дӯстдорони санъати мусиқӣ тақдим мегардад.
Тибқи иттилои Маркази фарҳангии «Бохтар» дар ҷумҳурӣ ҳамасола Рӯзи мусиқӣ гузаронида шуда, дар баробари ҳунармандони касбӣ, ҳамчунин дӯстдорону ҳаводорони мусиқӣ, онҳое, ки дорои овози хуши сарояндагӣ ва маҳорати баланди навозандагӣ дар асбобҳои халқианд, имкон доранд ҳунари хешро пешниҳоди тамошобинон гардонанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






