Баргузории тренинги омӯзишӣ байни донишҷӯён
Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 3 июн дар КВД Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар тренинг зиёда аз 60 нафар донишҷӯ- волонтёрон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва Раиси Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев ба иштирокдорон оид ба фаъолияти ҳаракати волонтёрӣ, ҳуқуқу манфият ва уҳдадориҳои он суҳбати озод доир намуданд.
Ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур ин, ташаккули фаъолияти волонтёрӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва бар ин васила истифодаи самараноки нерӯи амалии донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятию манфиатбахши ҷомеа ва ҳидоят сохтани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хайрхоҳӣ нисбат ба қишри ниёзмандӣ ҷомеа мебошад иброз намуд, Нодира Қаҳорова сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






