Баррасии Фармони Пешвои миллат дар Вазорати молияи ҶТ

Июнь 22, 2016 15:12

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  Фармони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати молияи ҶТ  аз тамоми вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Тавре ки сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи ҶТ Сайвалӣ Сафаров зикр кард, аз 1 июли соли равон ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.   Яъне, дар ҳамаи муасисаву ташкилот ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 июли соли равон музди меҳнати моҳонаи кормандони бастӣ набояд аз 400 сомонӣ кам бошад.
Ҳамчунин   иштирокдорон оид ба Фармони Сарвари давлат муаррифӣ (презентация) гузаронда, бо намоиши роликҳои видеоӣ бандҳои алоҳидаи Фармонро дар бораи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мудофиа ва иқтисодиёти Вазорати молияи ҶТ шаҳр доданд.

Июнь 22, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд