Баррасии лоиҳаи дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Июнь 24, 2016 10:22

Душанбе, 24.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи дастури методӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, кафолат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон зимни  баргузории суҳбати «мизи мудаввар»  дар   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Некрӯй Забирзода- мудири КВД «Тоҷинвест» зикр кард, ки  натиҷаи вохӯриҳо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва  соҳибкорони ватанӣ нишон дод, ки на ҳамаи онҳо барои гуфтугузор бо сармоягузорон омода ҳастанд. Танҳо қисми ками онҳо пешниҳоди сармоягузориро дар шакли зарурӣ омода карда метавонанд. Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумак дар ҳалли масъала дастури методиро оид ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ бо назардошти донишу таҷриба ва тавсияҳои коршиносони хориҷӣ оид ба ҷалби сармоягузорӣ таҳия ва омодаи чоп менамояд.
Зикр гардид, ки дар дастур ҳамчунин номгӯи кафолатҳое, ки аз қонунҳои  амалкунандаи кишвар бармеоянд ва имтиёзҳое, ки сармоягузорон метавонанд ҳангоми фаъолияти сармоягузорӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории кишвар аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», кодексҳои андоз ва гумрук, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ бархӯрдор гарданд, ворид карда шудаанд.
Таъкид шуд ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амводи давлатӣ  бо назардошти таҷриба ва талаботи зарурӣ барои такмили  Дастури методӣ ба вазорату идораҳои соҳавӣ ҳамоҳангӣ намудааст.

Июнь 24, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд