Баррасии лоиҳаи нави «Рушди потенсиал барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва хўрокворӣ дар кишварҳои алоҳидаи Қафқоз ва ОМ»
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Маурисино Розалес баргузор гардид.
Тавре дар ҷараёни вохўрӣ зикр гардид, мақсад аз ташрифи ҳайати мазкур ифтитоҳи лоиҳаи нави «Рушди потенсиал барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва хўрокворӣ дар кишварҳои алоҳидаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» мебошад, ки он дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон татбиқ мегардад.
Тарафҳо ҳангоми вохўрӣ ба масъалаи лоиҳаи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дахл намуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судман баён доштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






