Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ
Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои шиносоӣ бо корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ба деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ рафта, ба 20 оилаи зарардида кумакҳои пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ ва барои бунёди манзилҳои истиқоматии сокинон масолеҳи сохтмонӣ, инчунин хӯрокиву пӯшокӣ супорид.
Бояд гуфт, ки 13 июн бар асари омадани сел дар ин деҳа 20 хона осеби ҷиддӣ дида, беш аз 30 хонаи дигар қисман зарар диданд. Дар баробари ин 35 гектар замини кишоварзӣ хароб гардида, хаттҳои оби нӯшокӣ ва роҳҳои мошингард вайрон шудаанд.
Бо дастури раиси вилоят аз ҳисоби мақомоти дахлдор ситоди бартарафкунии офат ташкил гардида, ҷиҳати ташкили зиндагии муқаррарӣ дар деҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ва инчунин корҳои бартарафкунӣ дар ин мавзеъ дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида мешаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






