Бастани аҳдномаи ақди никоҳ бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои занон барои моликият
Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҳуқуқи кӯдак, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масъалаи баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҳама гуна хушунату зӯроварӣ дар оила, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бастани аҳдномаи ақди никоҳ бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои занон барои моликият дар ҷамоатҳо ва маҳалҳо вохӯриҳо гузарониданд.
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар шуъбаи маориф инчунин оид ба татбиқи «Барномаи консепсияи рушди оила» дар мавзӯи «Зан- тарбиятгари наслҳо» бо иштироки занони фаъоли ноҳия конфронси илмӣ-амалӣ доир намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






