Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Парлумон баррасӣ шуд
Душанбе 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Иҷрои Буҷети давлатӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» имрӯз дар муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуд
Зикр шуд ки вобаста ба ин масъала вакилони Парлумон бо намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафта, ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои истеҳсолӣ ва коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, машрубот, намаки ошӣ, ҳасиб, обҳои ташнашиканро аз наздик мушоҳида намуданд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар баъзе корхонаҳо, ба мисли «Комбинати шири шаҳри Душанбе», «Покиза-М» /Душанбе/ «Тоҷ-мол» /Турсунзода/, «Амирӣ» /Рӯдакӣ/, «Лазиз» ва «Шириниҳои Шарқ» / Қурғонтеппа/, «Кабири Хуҷанд» ва «Порсои Хуҷанд» /Хуҷанд/ дар сатҳи зарурӣ иҷро мегарданд. Дар ин корхонаҳо раванди технологии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя гардида, назорати дохилаи маҳсулоти хом, нимхом ва тайёр ба роҳ монда шудааст. Озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷом ва лавозимоти озмоишӣ таъминанд. Фаъолияти ин корхонаҳо тибқи иҷозатномаҳои мақомоти назоратӣ ба роҳ монда шуда, кормандон аз муоинаи даврии тиббӣ гузаштаанд ва бо либосҳои санитарӣ таъминанд. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр нақлиёти махсус дастрас шуда, дорои шаҳодатномаи санитарист. Инунин дар бархе аз корхонаҳои санҷидашуда талаботи қонуни макзур дар сатҳи зарурӣ амалӣ намегардад ки ба ин Комбинати панири шаҳри Душанбе мисол шуда метавонад.
Зикр шуд ки таъминоти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ на танҳо масъалаи таъминоти амнияти аҳолии кишвар аст, балки аҳамияти иқтисодӣ дошта, дар ин самт риояи талаботи созишномаи Созмони Ҷаҳонии Савдо оид ба амалигардонии чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ аҳамияти махсус дорад, чунки он ба дастрасии бозорҳои содиротӣ барои содироткунандагони ватанӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон доир ба масъалаи баррасишуда роҳбарону масъулони Вазорати кишоварзӣ, тандурустӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» гузориш доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






