Безарар гардонидани як нафар қочоқчӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳин
Душанбе, 25.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳудуди деҳаи Деҳқозӣ ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, 4 нафар қочоқчиёни мусаллаҳи афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ ва сарҳадбонон додани фармон оид ба таслим шудан, қочоқчиён муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Дар натиҷа миёни қочоқчиён ва гурӯҳи оперативии таъсисдодашуда тирпарронӣ ба амал омад. Дар рафти тирпарронӣ гурӯҳи қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади марди 25-30 сола бо аломатҳои захм аз тири оташфишон дарёфт карда шуд. Инчунин се адад борхалта бо маводи хамирмонанд ошкор гардид.
Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда афюн бо вазни 23 килограмм 140 грамм ва гашиш бо вазни 945 грамм мебошад. Вазни умумии маводи боздоштшуда 24 кг 85 граммро ташкил менамояд.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






