Бинои МИҲД Рӯшон ба қабули кормандон омода аст
Рӯшон, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бинои наву замонавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, ки соли гузашта хишти аввали он гузошта шуд, дар арафаи анҷомёбист ва бинокорон аз пайи ислоҳи баъзе аз корҳои ҷузъӣ машғул мебошанд. Иншооти мазкур аз 2 ошёна, 14 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳи калон барои 260 нафар, як маҷлисгоҳи хурд ва сарои мошину ошхона иборат аст. Тарҳи биноро мутахассисони ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ» таҳияю татбиқ намуда, маблағгузории онро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш гирифт. Барои бунёди ин сохтмон 6 миллион сомонӣ ихтисос дода шуд.
Устои ин сохтмон Саймурод Саидов гуфт, ки барои эъмори бинои мақомоти давлатии ноҳия ба мо як сол муҳлат доданд ва тавре ки мебинед, коргарон тавонистанд дар ин муддат сохтмонро ба итмом расонанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






