БМТ: 1 доллари ИМА ба 7,86 сомонӣ ва 1 евро ба 8,89 сомонӣ баробар аст
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки милли Тоҷикистон имрӯз, 13 июн қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқарар намудааст: 1 доллари ИМА ба 7,86 сомонӣ, 1 евро ба 8,89 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0, 11 сомонӣ баробар мебошад.
Бино ба маълумоти БМТ, имрӯз 1 юани чинӣ ба 1,19 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия ба 11,33 сомонӣ ва 1 франки Швейтсария ба 8,16 сомонӣ баробар аст. Қурби мубодилавии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ барои анҷомдиҳии амалиёти эквайрингӣ бо кортҳои пардохтӣ аз дастгоҳҳои терминалии бонкҳо 10 июни соли равон ҶСК «Тоҷиксодиротбок», ҶСК «Ориёнбонк» ва БДА «Амонатбонк» 1 доллари ИМА- ро ба 7,87 сомонӣ ва ҶСК «Агроинвестбонк» 7,86 сомонӣ муайян намудааст.
Таъмини муътадил ва фаъолияти самараноки бозори дохилии асъор бо роҳи баланд бардоштани шаффофият ва мусоидат ба вусъати бозори дохилии асъор, бартараф сохтани ҳолати номуайянӣ ва ноустувории он, маҳдуд намудани бозори ғайрирасмӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин маҳдуд намудани тағйирёбии аз эътидол зиёди қурби пули миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот аз болои фаъолияти бозори нақдӣ назоратро идома дода, чораҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро ба ҷомеа оид ба риояи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани эътимоду эҳтироми пули миллӣ амалӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






