БМТ: Қурби доллари ИМА муътадил буда, қурби евро каме паст шудааст
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 июн бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 доллари ИМА чун дирӯз 7,86 сомонӣ боқӣ монда, қурби 1 евро ба 8,87 сомонӣ баробар гаштааст. Яъне, имрӯз қурби евро нисбат ба 13 июн каме поён рафт.
Дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия ба 0,11 сомонӣ, 1 юани чинӣ ба 1,19 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия ба 11,15 сомонӣ ва 1 франки Швейтсария ба 8,14 сомонӣ баробар шуд. Фунт стерлинги Англия нисбат ба дирӯз каме поён рафта, франки Швейтсария баръакс боло баромадааст.
Тавре ки аз БМТ хабар доданд, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ фаъол буда, қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






