Бобои ҷинояткор набераашро ба содир намудани ҷиноят водор сохт

Июнь 15, 2016 17:04

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба  Кушмуратов Ишмурод Маматазимович, соли  таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Гулхона, деҳаи Гулхона, хонаи №26, Кушмуродов Акбар Маматқулович, соли таваллудаш 1997,  истиқоматкунандаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Гулхона, деҳаи Гулхона, хонаи №12, Арифджонов Орифжон Бойназарович, соли  таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Гулхона, кӯчаи Наврӯз №6 бо айбдорӣ аз рӯи  моддаҳои 32, қисми 3-401,  эзоҳи 1  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ  намуд.
Суд муайян  намуд, ки Кушмуратов Ишмурод Маматазимович, ки ба ҳайси роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зарзамин»-и ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият доштааст,  27 июли соли 2015 тавассути писараш Қушмуродов Мамадқул Ишмуродович, ки дар Ҷумҳурии Сурияи Араб, дар амалиёти ҷангӣ бар зидди қувваҳои мусаллаҳи он иштирок мекард, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Наберааш Кушмуродов Акбар Мамадқулович 21 августи соли 2015 тавассути телефони мобилӣ бо падараш Кушмуродов Мамадкул Ишмуродович дар тамос шудааст ва   дар ин суҳбат падараш  гуфтааст, ки дар сурати  ҳалок шуданаш  дар амалиёти ҷангӣ, ӯ  ва бобояш ба Ҷумҳурии Сурияи Араб омада, ба сафи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» ҳамроҳ шуда, дар «ҷиҳод»   иштирок намоянд.
Тахминан охирҳои моҳи августи соли 2015 ба телефони мобилии Акбар Қушмуродов «Уқоша» ном шахси ношинос занг зада, хабар додааст, ки падараш Мамадқул Қушмуродов дар ҷанг вафот кардааст  ва ӯ ин хабарро ба бобояш Ишмурод Қушмуратов  мерасонад.
Ишмурод Қушмуратов  дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳона, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст,  нияти ба сафи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» пайвастан ва бо мақсади   дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб иштирок намудан, моҳи сентябри соли 2015 ба наберааш  Қушмуродов Акбар Мамадкулович, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт, занг зада, ӯро аз мақсади худ воқиф намудааст. Сипас, ҳарду барои  ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтану  дар амалиёти ҷангии зидди ҳукумати қонунии ин давлат иштирок намудан маслиҳат намудаанд.
И. Қушмуратов  барои  амалӣ намудани ин нақша  10 октябри соли 2015 тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Маскав рафта, дар он ҷо бо наберааш Қушмуродов Акбар Мамадкулович вохӯрда, баъди 3 рӯз,  13 октябри соли 2015  ҳар ду  тавассути хатсайри Маскав — Истанбул ба давлати Туркия парвоз намудаанд. Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбули давлати Туркия онҳоро як узви ташкилоти зикршуда бо номи «Алӣ», ки шахсияташ дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда нашудааст, пешвоз гирифта, ба манзили истиқоматиаш бурдааст. Дар хонаи «Алӣ»  дар қатори дигарон, ҳамчунин писари хоҳараш Арифджонов Орифжон Бойназарович ҳузур доштааст, ки ӯ низ бо мақсади «ҷиҳод» намудан ба Ҷумҳурии Сурияи Араб омада  будааст.  18  октябри соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ ҳар сеяшон  тавассути мошинҳои мусофиркаш ба шаҳри Газиантепи Туркия, ки ба Ҷумҳурии Сурияи Араб ҳамсарҳад мебошад, равон шудаанд.  Ҳангоми убур намудани сарҳади давлатӣ онҳо аз ҷониби марзбонони давлати Туркия дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номбурдаҳо  бо моддаҳои 32, қисми 3-401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Қушмуратов Ишмурод Маматазимович, Қушмуродов Акбар Маматқулович ва Арифджонов Орифжон Бойназарович ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12  сол бо адои ҷазо дар муассисаи  ислоҳии низоми сахт таъйин гардидааст.

Июнь 15, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт