Боз як иқдоми наҷиби КИ бахши суғдии ҲХДТ
Хуҷанд, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, ҷалби бонувону ҷавондухтарон ба намудҳои варзиш ва дар ин замина, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи бахши суғдии ҲХДТ иқдоми наҷиберо пеша карда, дар ҳамдастӣ бо шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳристон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Спартакиадаи кушоди ноҳиявӣ байни бонувонро роҳандозӣ карданд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар толори ташкилоти ибтидоии Навкенти ноҳия ду рӯз идома кард, зиёда аз 120 нафар бонувони варзишгар аз деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон ва ҳамчунин шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят иштирок карданд.
Қувваозмоии бонувони варзишгар аз рӯи се намуди варзиш волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ сурат гирифта, ғолибон аз рӯи намуди даставӣ муайян карда шуданд. Дар натиҷа, дастаи варзишгардухтарони ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиби ҷои аввал, бонувони дастаи ноҳияи Спитамен соҳиби ҷои дуюм ва дастаи Темурмалики ноҳияи Шаҳристон сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявӣ бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






