Боздиди дуюми Толиб Рифоӣ аз Тоҷикистон
Душанбе, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароит барои туристонеро, ки Тоҷикистонро барои худ ҳамчун як кишвари сайёҳӣ интихоб кардаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вобаста ба нуфуз ва мақому мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ Толиб Рифоӣ изҳор дошт, ки: «Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мақоми 2-юмро дар соҳаи туристӣ ишғол кардааст. Тоҷикистон воқеан кишвари туристӣ маҳсуб мешавад ва биҳишти кашфношуда аст, ки имрӯз ҷиҳати муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун давлати туристӣ ва ҳамчунин барои рушди соҳаи туризми он бояд тамоми саъю кӯшиши худро равона созем. Мехоҳам зикр намоям, мо омода ҳастем дар баробари он, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоем, ҳамчунин тамоми имконот ва таҷрибаи андӯхтаро барои баланд бардоштани мақому мартабаи ин кишвар аз лиҳози давлате, ки табиати бойю афсункор дорад, истифода барем ».
Баъд аз суҳбат, ки дигар паҳлуҳои муҳими соҳаи туризми Тоҷикистонро фаро мегирифт, меҳмони олиқадр ба Неругоҳи барқи обии «Норак» сафар намуд. Дар назар аст, ки Толиб Рифоӣ ҳамчунин дар фестивали фарҳангию сайёҳии «Боми ҷаҳон» иштирок намуда, ҳамчунин аз вилояти Суғд, қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб ва Боғи Ирам боздид ба амал орад.
Ёдовар мешавем, ки дар семоҳаи якуми соли 2016 73 ҳазору 200 сайёҳ ба кишвар ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
9880 нафар зиёд аст.


















Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






