Бунёди Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият дар маркази Суғд
Хуҷанд, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки донишҷӯён дар байни маҳаллаҳои 19 ва 20-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ки дар он биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ ҷойгиранд, тирамоҳи соли равон бунёди боз як иншоот маҷмааи нав ва бахшҳои дигари фарҳангию фароғатии он дар назар аст. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд дар ин мавзеъ бунёди Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло беш аз 20 рӯз мешавад, ки дар гардиши мавзеи хиёбони С.Айнӣ, воқеъ дар байни ин ду микроноҳияи шаҳр корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти маҳаллии вилоятӣ иттилоъ доданд, аслан дар ин мавзеъ тибқи нақшаи шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти вилоятӣ ба ифтихори 800-солагии корнамоии мардуми тоҷик бар зидди истилогарони муғул бо роҳбарии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ки соли 2020 ин сана ҷашн гирифта мешавад, як маҷмааи боҳашамати ҷолиб, ки қаблан тарҳрезӣ шуда буд, бояд қомат меафрохт, вале бо назардошти воқеияти аслии ин муҳориба, сохтмони ин маҷмаа ба мавзеи назди соҳили рӯди Сир кӯчонида шуда, ба ҷои он ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки соли равон ҷашнҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешаванд, маҷмааи хосса бахшида ба ин сана қомат хоҳад афрохт.
Тибқи нақша, ҳоло тарҳи Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти кишвар аз ҷониби меъморон омода гашта, анҷоми корҳои сохтмониву баистифодадиҳӣ ва пардабардорӣ аз болои он дар моҳи сентябр бо иштироки бевоситаи Сардори давлат дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург рӯи кор хоҳад омад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






