Дабири кулли СУТ СММ Толиб Рифоӣ: «Дар дили ман Тоҷикистон ҷои хос дорад»

Июнь 11, 2016 10:50

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   «Дар  дили ман Тоҷикистон ҷои хос дорад»,-гуфт  Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ дирӯз  зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.
Бино ба гуфтаи Толиб Рифоӣ, ин ташрифи дуввуми ӯ ба ин донишкада мебошад.
«Вазифаи муҳими ман- ин бархурдор намудани мардуми хориҷа аз имконоти туристии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон иқтидори пурқувват барои муаррифӣ карданро  дорад. Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ин имконоти Тоҷикистонро ба   тарзи дуруст ба хориҷиён расонам»,- илова намуд Т.Рифоӣ зимни баромадаш.
Ба гуфтаи Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ, соҳаи туризм барои Тоҷикистон соҳаи зарурӣ маҳсуб мешавад.
«Бояд масъулини соҳа барои зиёд кардани теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон корҳои зиёдро анҷом диҳанд. Ин ҷо ғайр аз рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин ба тарғибу ташвиқ бояд диққати ҷиддӣ дод. Ташвиқу тарғиб ва рушди туризм бояд ҳарду якҷоя қадам зананд.  Барои ин бояд Тоҷикистон тамоми имконияташро истифода намояд ва ин соҳаро сармоягузорӣ кунад»,- гуфт Т.Рифоӣ.
Т.Рифоӣ афзуд, ки имрӯз бештари кишварҳои ҷаҳон аз фоидаи соҳаи туризм рушд мекунанд.
«Ман ба Тоҷикистон барои дидани  чеҳраҳои зебои тоҷикон омадам»,-илова намуд   Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ.

Июнь 11, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид