Дар Актобе 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Актобеи Қазоқистон 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд. Дар ин бора агентии АИР «Новости» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки аз онҳо қисми зиёди аслиҳаи дуздидашуда мусодира карда шуд.
«Шахсияти ҳамаи ҷинояткорон муаяйн гардид. Барои ҷустуҷӯ ва боздошти онҳо тадбирҳо андешида мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки дар Актобе сатҳи баланди таҳдиди террористӣ «сурх» эълон гардидааст.
Шахсони номаълум ба мағозаи фурӯши силоҳ «Паллада» ва қисми низомӣ ҳамлаи мусаллаҳона содир намуданд, ки дар натиҷа 3 нафар ҳалок гардиданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои динии ғайрианъанавӣ мебошанд. Дар Aктобе низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






