Дар бозии рафиқона тими Гурҷистон Испанияро шикаст дод
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони кунунии Аврупо дастаи футболи мунтахаби Испания қабл аз сафар ба Фаронса, бо тими миллии Гурҷистон бозии рафиқона анҷом дод ва аз ҷониби соҳибони майдон мағлуб гардид. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Колисеум Алфонсо Перес» -и шаҳри Хетафа баргузор гардид.
Ҳарчанд футболбозони испанӣ аз оғоз то ба анҷоми дидор ҳамлаҳои пай дар пай менамуданд, вале ҳеҷ имконияти мусоиди голзаниро пайдо накарданд.
Гузашта аз ин, дар дақиқаи 40-уми бозӣ ба ниммуҳофизатгари тими мунтахаби Гурҷистон Торнике Окриашвили имкон доданд, ки тӯбро вориди дарвозаи Давид де Хеа намояд.
Ёдовар мешавем, ки то ин дам тими миллии футболи Испания 9 бозиро бо пирӯзӣ ва ду рақобати дигарро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дода буд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






