Дар давоми як шабонарӯз артиши Афғонистон 15 ҷангиро нобуд сохта, 14 тани дигарро боздошт кард

Июнь 17, 2016 11:22

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 24 соати охир артиши миллии Афғонистон 15 ҷангиро нобуд сохта, 14 тани дигарро боздошт кард. Бино ба иттилои «Синхуа» дар ин бора рӯзи панҷшанбе Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар дод.
«Артиши миллии Афғонистон дар ҳамкории зич бо полис ва кормандони хадамоти иктишофӣ дар минтақаҳои Ғазнӣ, Пактико, Пактиё, Бодғис ва Урузгон якчанд амалиёти низомӣ гузаронд, ки бар асари он 15 террористи мусаллаҳ нобуд гардида, 14 нафари дигар дастгир шуданд», — гуфта мешавад дар як изҳороти Вазорати мудофиаи Афғонистон.
Дар санад ҳамчунин марги 13 низомӣ дар даргириҳо бо ҷангиён дар амалиёт ва дар натиҷаи ҳамлаи ҷудогона дар саросари кишвар дар ҳамин вақт тасдиқ гардид.
Ҳаракати «Толибон» то ба ҳол аз ҳар гуна шарҳ оид ба  ин изҳорот худдорӣ кардааст.

Июнь 17, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд