Дар Деваштич Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта шуд

Июнь 1, 2016 12:06

Деваштич, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи навбунёди марказии ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашни идонаи бошукӯҳ баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода тамоми кӯдакону наврасонро табрик намуда,  оид ба сифати таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқ, ҳимоя ва беҳдошти саломатии кӯдакон самтҳои пешгирифтаи афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Дастгирии Ҳукумат, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони саховатмандро нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, оилаҳои камбизоат зикр карда, ба  мудирону мураббияҳои кӯдакистонҳо ва кӯдакони фаъол Ифтихорномаю туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Баҳри болидахотирии кӯдакон барномаҳои фарҳангию фароғатии омодакардаи худи наврасон бо шукӯҳу шаҳомати хосса манзури ҳамагон гардиданд.
Дар ноҳия барои баланд бардоштани завқи кӯдакон озмуну маҳфилҳои «Шукуфаҳои Истиқлол», «Мо бачагони хушбахт», «Бонучаи сол», «Мо толиби сулҳем» ва «Мусаввири ҷавон» гузаронида шуданд.

 

Июнь 1, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд