Дар Душанбе Ҳамоиши байналмилалии “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” баргузор мешавад

Июнь 18, 2016 10:59

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июн дар мавриди баргузории Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” брифинг доир гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Душанбе ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ ва Котиботи Ҳамоиш Султон Раҳимзода  иттилоъ дод, ки ин чорабинии муҳими байналмиллалӣ, ки бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) роҳандозӣ шудааст, 9-11 августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон баргузор хоҳад шуд.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки иштирокдорони Ҳамоиши Душанбе — намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Дар рафти ин Ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба ин соҳа, ба монанди афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.
Султон Раҳимзода изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи Даҳсолаи нави байналмиллалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард. Таъкид гардид, ки маълумоти бештарро доир ба ин Ҳамоиш дар сомонаи расмии он, ки ахиран дар шабакаи Интернет таҳти нишонии  http://watersdg2016.org роҳандозӣ шудааст, дарёфт намудан мумкин аст. Дар брифинг намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Харфст низ иштирок дошт.

Июнь 18, 2016 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд