Дар Душанбе Ҳамоиши байналмилалии “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” баргузор мешавад

Июнь 18, 2016 10:59

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июн дар мавриди баргузории Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” брифинг доир гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Душанбе ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ ва Котиботи Ҳамоиш Султон Раҳимзода  иттилоъ дод, ки ин чорабинии муҳими байналмиллалӣ, ки бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) роҳандозӣ шудааст, 9-11 августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон баргузор хоҳад шуд.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки иштирокдорони Ҳамоиши Душанбе — намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Дар рафти ин Ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба ин соҳа, ба монанди афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.
Султон Раҳимзода изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи Даҳсолаи нави байналмиллалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард. Таъкид гардид, ки маълумоти бештарро доир ба ин Ҳамоиш дар сомонаи расмии он, ки ахиран дар шабакаи Интернет таҳти нишонии  http://watersdg2016.org роҳандозӣ шудааст, дарёфт намудан мумкин аст. Дар брифинг намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Харфст низ иштирок дошт.

Июнь 18, 2016 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона аз 23 то 45 дараҷа гарм мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад
Дар Гулистон барои раисони ҷамоатҳои як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси такмили ихтисос доир гардид
Варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавононро ба даст овард
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 10.5633 то 10.0000 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони Турсунзода дар майдони 4500 гектар шолӣ кишт менамоянд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳида Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола муайян шуданд