Дар Фармони Президент ба зиёдшавии андозаи нафақа афзалият дода шудааст
Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи заҳматҳои тӯлонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз ҷониби институтҳои бонуфузи молиявии байналмиллалӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи рушд арзёбӣ гардидааст. Дар ин росто Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакатро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2016 зиёд карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардидааст.
Назар ба андешаи Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи кишвар, агар сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000 81 фоизро ташкил дода бошад, пас ин омор дар соли 2014- ум 33, 6 фоиз, дар соли 2015-ум ба 30 фоиз баробар гардид. Интизор меравад, ки нишондоди мазкур дар соли 2020-ум ба 20 фоиз баробар хоҳад гардид. Дар робита ба ин, алҳол музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ, кумакҳои гуногун ба ҳисоби миёна зиёда аз 34 маротиба афзоиш ёфтааст. Айни замон марҳилаи навбатии ислоҳоти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ оғоз гардида, Вазорати молия барои татбиқи барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст,- афзуд Ҷ. Каримзода.
Бояд тазаккур дод ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани андозаи нафақаҳо ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии нафақагирон тадбирҳои мушахас андешида мешаванд.
Тавре Назокат Одиназода, муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит менамояд, ки новобаста аз номуътадилии вазъи иқтисодии ҷаҳон, ки ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир нест, дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷуда ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Н. Одиназода зикр кард, ки дар асоси Фармони мазкур дар баробари зиёд гардидани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендия, зиёд намудани андозаи нафақаҳои шаҳрвандон низ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи санади мазкур дар баробари 20 фоиз зиёд гардидани андозаи ҳадди ақал ва нафақаи заминавӣ, ки имрӯз 130 сомониро ташкил медиҳад, он ба 156 сомонӣ расонида мешавад, ҳадди ниҳоии нафақа аз 624 сомонӣ ба 748,80 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Инчунин нафақаи қариб 70 фоизи нафақагирони кишвар, ки алҳол андозаи нафақаашон ба 200 сомонӣ баробар ва аз ин камтар мебошанд, ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа афзоиш меёбад. Яъне, дар Фармони Президенти кишвар ба зиёдшавии андозаи нафақаи нафақагироне, ки кор намекунанд, солҳои пеш ба нафақа баромадаанд ва имрӯз андозаи нафақаи онҳо нисбатан пасттар мебошад, афзалият дода шудааст.
Ҳамзамон намояндаи масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид кард, ки сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ намудани Фармони ба тасвибрасида яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа дар назди мақомоти ваколатдор маҳсуб мешавад.
Бо ин мақсад, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати кишвар ҳамчун мақомоти ваколатдор дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тамоми чораҳои амалиро меандешад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сари вақт бозҳисобии нафақаҳоро ба анҷом расонида, пардохти нафақаҳои шаҳрвандонро бо назардошти зиёдшавӣ аз 1 июл дар моҳи августи соли равон таъмин намояд.
Ибодат Давлатова








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






