Дар Фармони Президент ба зиёдшавии андозаи нафақа афзалият дода шудааст

Июнь 29, 2016 12:03

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи заҳматҳои  тӯлонии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз ҷониби институтҳои бонуфузи молиявии байналмиллалӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи рушд арзёбӣ гардидааст. Дар ин росто Президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ Раҳмон  масъалаи баланд бардоштани  вазъи иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии  аҳолии мамлакатро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2016 зиёд карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар асоси Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи тадбирҳои  тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани  маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи  нафақа ва  стипендия»  аз 1 июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи  он 400 сомонӣ дар як моҳ  муқаррар гардидааст.
Назар ба андешаи Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи кишвар, агар сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000  81 фоизро ташкил дода бошад,  пас  ин омор дар соли 2014- ум   33, 6 фоиз,  дар соли 2015-ум  ба  30 фоиз баробар гардид. Интизор меравад, ки  нишондоди мазкур дар соли 2020-ум ба  20 фоиз баробар хоҳад гардид.  Дар робита  ба ин, алҳол музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ,  кумакҳои гуногун ба ҳисоби миёна зиёда аз 34 маротиба афзоиш ёфтааст. Айни замон марҳилаи навбатии ислоҳоти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ оғоз гардида, Вазорати молия барои татбиқи    барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал гузошта,  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст,- афзуд Ҷ. Каримзода.
Бояд тазаккур дод ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани андозаи нафақаҳо ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии нафақагирон тадбирҳои мушахас андешида мешаванд.
Тавре Назокат Одиназода,  муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар собит менамояд, ки новобаста аз номуътадилии вазъи иқтисодии ҷаҳон, ки ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир нест, дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷуда ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.  Н. Одиназода зикр кард, ки дар асоси Фармони мазкур дар баробари зиёд гардидани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендия, зиёд намудани андозаи нафақаҳои шаҳрвандон низ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи санади мазкур дар баробари  20 фоиз зиёд гардидани андозаи ҳадди ақал ва нафақаи заминавӣ, ки имрӯз 130 сомониро ташкил медиҳад,  он ба 156 сомонӣ расонида мешавад, ҳадди ниҳоии нафақа аз 624 сомонӣ ба 748,80 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Инчунин нафақаи қариб 70 фоизи нафақагирони кишвар, ки алҳол андозаи нафақаашон ба 200 сомонӣ баробар ва аз ин камтар мебошанд,  ба андозаи 30 фоизи  ҳадди ақали нафақа афзоиш меёбад. Яъне, дар Фармони Президенти кишвар ба зиёдшавии андозаи нафақаи нафақагироне, ки кор намекунанд, солҳои пеш ба нафақа баромадаанд ва имрӯз андозаи нафақаи онҳо нисбатан пасттар мебошад, афзалият дода шудааст.
Ҳамзамон намояндаи масъули  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ таъкид кард, ки  сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ намудани Фармони ба тасвибрасида яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа дар назди мақомоти ваколатдор маҳсуб мешавад.
Бо ин мақсад, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати кишвар ҳамчун мақомоти ваколатдор дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тамоми чораҳои амалиро меандешад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  сари вақт  бозҳисобии нафақаҳоро ба анҷом расонида, пардохти нафақаҳои шаҳрвандонро бо назардошти зиёдшавӣ аз 1 июл дар моҳи августи соли равон таъмин намояд.

Ибодат Давлатова

Июнь 29, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»