Дар Хатлон масъалаҳои пешгирии коррупсия муҳокима гардиданд
Душанбе, 29.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия шунида шуд. Ҳамзамон ҳисоботи масъулини комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Дӯстӣ, Хуросон ва роҳбарони раёсатҳои маориф ва тандурустии вилоят шунида шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа инчунин пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шунида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






