Дар Ҳисор марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

Июнь 16, 2016 16:03

 Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти  марказии  ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои Бобосафар Шарифов- роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор,  дар даври аввали мусобиқаи мазкур 48 хона ва 48 оилаи намунавӣ,  40 деҳа ва 8 маҳаллаи шаҳри Ҳисор  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд
Инчунин ба марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  12 оилаи намунавӣ:Ҳабибулло Ҳусейнов аз шаҳраки Ҳисор, Улуғбек Холов -шаҳраки Шарора, Муҳсиддин Шарофов-ҷамоати деҳоти Ҳисор, М. Тоҷибоев- ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, Нишон Додаров -ҷамоати деҳоти Дурбат, Нусрат Шоев ҷамоати деҳоти  Навобод, Нуралӣ Мирзоалиев, ҷамоати деҳоти Сомон, Зиёдулло Сайфуллоев ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Нуралӣ Абдуллов-ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Қосим Бекмуродов-ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Ҳалима Давлатова-ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ва Маҳмадӣ Умаров ҷамоати деҳоти Ориён  роҳ ёфтанд.
Ҳамзамон дар бахши хонаҳои намунавӣ 12 хонаи намунавӣ: хонаи Нуралӣ Ҳусейнов аз шаҳраки Ҳисор, Хоним Ҳасанова- шаҳраки Шарора, Илҳом Раҷабов- ҷамоати деҳоти Ҳисор, Неъмат Шодиев, ҷамоати  деҳоти Деҳқонобод,  Олимҷон Қурбонов ҷамоати деҳоти Дурбат, Баҳовидин  Аламов ҷамоати деҳоти Навобод, Зиёдулло Сайфуллоев, ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Мирзо Ғуломов, ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Тағоймурод Эшов-ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Ҳақризо Юсуфов-ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ва Аҳмад Бобиев- ҷамоати деҳоти  Ориён муайян гардиданд, ки  дар марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Инчунин  ду маҳаллаи беҳтарин-  Белайдуз ва И. Эшонов ва 10 деҳаи беҳтарин: Гулханӣ, Муъминобод, Ҷавонон, Ғурриёт, Шӯроби афғон, Зиракӣ, Арбобӣ, Туда, Даҳбед ва Чинор ғолиби даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардида, ба марҳилаи дуюми мусобиқа роҳхат гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи  дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  аз 15 то 24 июн  баргузор гашта, дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, аз миёни онҳо беҳтаринҳо ба марҳилаи сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Июнь 16, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд