Дар Конибодом боз ду корхонаи саноатӣ ба кор сар карданд
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом ду корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфии ҶСШК «Нуртекс» ва корхонаи тавлидоти гаҷи сохтмонии кооперативи тиҷоратии «Моҳии зарин» ба фаъолият шурӯъ карданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфӣ дар Конибодом аввалин буда, давоми як сол аз ҷониби мутахассисони ватаниву чинӣ сохта шудааст. Ҳарду корхона дар масоҳати 1,5 гектар ҷой гирифта, дар онҳо технологияи пешрафтаи истеҳсоли Олмон бо арзиши 1 миллион доллар ворид ва насб карда шудааст.
Бартарии дигари корхонаҳо дар он аст, ки тавассути ангишт фаъолият мебаранд. Иқтидори корхонаи гаҷтахтаҳои сақфӣ истеҳсоли 6000 метри мураббаъ ва иқтидори корхонаи «Моҳии зарин» истеҳсоли 100 тонна гаҷи сохтмонӣ дар як шабонарӯз мебошад. Дар корхонаҳои нав беш аз 60 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






