Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ заданд
Душанбе, 09. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ заданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, 7 июн ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ва духтари 16- солаи сокини ҳамин ноҳия, бо сабабе, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, худашонро ба ҷарии баландиаш 100 метр партофтаанд.
Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






