Дар ноҳияи Данғара ҳосили ғалла меафзояд

Июнь 30, 2016 16:58

Данғара, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара барои вусъат бахшидани дарави  ғаллаи майдонҳои корами обию лалмӣ техникаи зарурӣ сафарбар шуда, кишоварзон мувофиқи дурнамо ният доранд дар майдони 1750 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара майдони умумии кишти ғалла зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби тухмиҳои хушсифат, кишти саривақтӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва мусоид омадани боду ҳавои имсола  дар хоҷагиҳои ноҳия мувофиқи санҷиши мутахассисон ҳосили биологии ҳар як гектар замини корами обӣ то 7 сентнер ва дар заминҳои корами лалмӣ то 3 сентнерӣ зиёд гардидааст.
Ба қавли  Абдулло Ҳафизов, раиси деҳоти Корез дар хоҷагиҳои деҳоти Корез имсол дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа якчанд навъи ғалла кишт карда шуд ва бо назардошти давраи кишту парвариш ва ҳосилнокии навъҳои ғалла кишоварзон ният доранд барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифат дар оянда майдони кишти чунин навъҳоро васеъ намоянд.

Июнь 30, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд