Дар Сангвор Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Сангвор, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани деҳаи беҳтарин, ҷамоати деҳоти беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар ноҳияи Сангвор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо вазифадор гардиданд, ки то баргузории мусобиқа корҳои ободонию бунёдкорӣ, тоза кардани кӯчаю маҳаллаҳо, шинондани гулу гулбуттаҳо ва таъмири биноҳои маъмурию истиқоматиро ба роҳ монанд.
Даври ноҳиявии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Сангвор ҷамбаст гардид, ки дар асоси хулосаи камиссия хонаи Саъдӣ Идиев, истиқоматкунандаи деҳаи Тавилдараю оилаи Муҳиддин Назаров, сокини деҳаи Тавилдара намунавӣ ва деҳаи Миёнадуи ҷамоати деҳоти Сангвору ҷамоати деҳоти Тавилдара беҳтарин дониста шуда, ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






