Дар шаҳри Ваҳдат кӯдакон ва наврасон ба истироҳати тобистона ҷалб мешаванд
Ваҳдат, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар пайвастагӣ бо кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳр аз тариқи ҳашари умумӣ биноҳои якуму дуюм, сеюм, ошхона ва биноҳои ёрирасони истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Ҳамсафар» -ро таъмир намуда, гулгаштҳо ва ҳавзи шиновариро ба тартиб дароварда, зиёда аз 240 бех дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинониданд.
Маъмурияти муассисаҳои таълимии шаҳр дар бораи ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона тасмим гирифтанд, ки дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Ҳамсафар» дар се баст 180 нафарӣ, ҷамъ 540 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла, 28 нафар кӯдакони ятиму камбизоат ба истироҳати тобистона фаро гирифта шаванд.
Дар майдончаҳои солимгардонии муассисаҳои таълимӣ ва литсейҳо 40 нафарӣ, зиёда аз 400 нафар кӯдакону наврасон бо додани хӯрок ба истироҳати тобистона ҷалб карда мешаванд.
Ҳамчунин ба истироҳатгоҳи ҷумҳуриявии «Чайкаи»-и дараи Варзоб дар ду баст чун ҳамасола 35 нафар кӯдакон барои истироҳат фиристода мешаванд, ки айни замон дар басти якум 15 нафар барои истироҳат ба истироҳатгоҳи «Чайка»- дараи Варзоб сафарбар карда шуданд.
Дар заводи «Пилла»- и шаҳри Ваҳдат бо мақсади истироҳати меҳнатӣ 50 нафар хонандагони синфҳои 10-ум дар ҳаҷми аз 2 то 4 соат меҳнат намуда, дар муддати 1 моҳ аз 60 то 100 сомонӣ музди маош мегиранд.
Чун ҳамасола дар мусобиқаи варзишии «Тӯби чармин» дар се баст 645 нафар кӯдакон дар мусобиқаи варзишӣ барои комёб шудан ба «Тӯби чармин» иштирок менамоянд. Инчунин барои омӯзишу сабзиши растании зарбед зиёда аз 25 нафар аъзои маҳфили «Сабадбофон»-и МЭКН ба деҳаи Арзаки дараи Ромит ба муҳлати 1 ҳафта ба истироҳату омӯзиш ҷалб карда мешаванд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






