Дар Спитамен сегоникҳо чашм ба олам кушоданд
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен Ҳайитгул Тошматова соҳиби сегоник гардид. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спатамен аз вазъи саломатии модари сегоник дидан намуданд. Нодира Мирзозода ба Ҳайитгул Тошматова туҳфаи раиси вилоятро супорид.
Инчунин аз ҷониби раиси ноҳияи Спитамен ба Ҳайитгул Тошматова замини наздиҳавлигӣ туҳфа карда шуд.
Бояд зикр кард, ки Ҳайитгул Тошматова сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, кӯчаи Наврӯз дар таваллудхонаи вилоятӣ сегоник таваллуд кард. Сегоникҳо як писар ва 2 духтар мебошанд.
Алҳол ҳолати модар ва кӯдакон муътадил буда, зери назорати табибони беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






