Дар Тоҷикистон низоми раводиди электронӣ фаъол шуд
Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электронӣ ба даст оранд.
Низоми раводиди электронӣ “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ муштариёнро озод менамояд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Мо ҳамзамон, кӯшиш менамоем, ки вақтро сарфа намоем ва машғулияти ҳайати кормандонро барои раванди судури раводид сабуктар намоем.
Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.
Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






