Дар вилояти Суғд масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ гардиданд
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 14 масъалаи муҳими соҳа, аз ҷумла натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен, ҷараёни фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Истаравшан ва Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ҷиҳати таъмини саривақтии омӯзгорону хонандагон бо либоси мактабӣ, захираи сӯзишворӣ, ташкили истироҳати бофароғати мактабиён, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, сохтмони иншооти ҷашнӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






