Дар ВМКБ машқҳои махсуси тактикӣ барои назорати бехатарии парвози ҳавопаймоҳо гузаронида шуданд
Душанбе, 25.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ноҳияҳои Ванҷу Рушон ва Язгулом, наздикии сарҳади Афғонистон, машқҳои махсуси тактикии кӯтоҳмуддат барои назорати бехатарии хатти парвози ҳавопаймоҳо гузаронида шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳайати шахсии Воҳидоти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ин машқҳои тактикӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ дар шароити кӯҳсор нишон дода, омодагии худро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир намоиш доданд.
Чунин машқу тамринҳои шартӣ ҷиҳати такмил додани малакаю маҳорат, нерую тавоноӣ, обутоби бадан ва чусту чолокии ҳайати шахсӣ мусоидат менамоянд.
Рамазон Раҳимзода ба кормандони ин ниҳод барои боз ҳам бештар доир намудани тамринҳо ва машқҳои тактикӣ дар шароити кӯҳсор як қатор дастуру супоришҳои дахлдор дода, зикр кард, ки ҳамеша бо хизмати содиқонаю софдилона барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон омода бошанд.
Сафари Вазири корҳои дохилӣ ба ВМКБ идома дорад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






