Дар зарфи 9 моҳ Маҷлиси намояндагон беш аз 220 санад қабул намудааст

Июнь 30, 2016 16:41

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон беш аз 220 санад баррасӣ ва қабул гардид»,- гуфт зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар охирин ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки аз 221 санади қабулгардида 10  қонуни мукаммал,   1 кодекс,  6 қонуни конститутсионӣ  оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 75  қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 43 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо  ва    91  созишнома, қарордод, конвенсия, ёддошт, аҳднома, протокол, шартномаҳои байналмилалӣ ва  дурнамову барномаҳои давлатӣ   мебошанд. Зикр шуд, ки аз  санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда  лоиҳаи 62 адад аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,       100  адад аз сӯи Ҳукумати кишвар ва 29 адад аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  пешниҳод шудаанд. Ҳамзамон дар ин давра 2 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  34  ҷаласаи Шӯро ва  29 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барпо гашт.
Шукурҷон Зуҳуров зимни гузориши худ аз минбари Парлумон таъкид кард, ки дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Шарқ ҳимояи марзу буми кишвар ва амнияти давлату миллат ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Экстремизм, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ аз доираи як давлат ва миллат берун гардида, хусусияти фаромиллӣ ва байналмилалиро касб кардаанд ва миллатҳо, динҳо, мазҳабҳо ва ҳатто давлату  тамаддунҳоро дар муқобили ҳам қарор додаанд. Ин вазъият  аз ҳар вақти пеш аз мо ҳушёрию зиракии бештарро талаб менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки Парлумони кишвар вобаста ба таҳдидҳои  пешомада  ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва амсоли инҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуд.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт ки имрӯзҳо кишвари моро рӯҳияи  идона фаро гирифтааст. Ҳар рӯзи наве, ки фаро мерасад,  мову Тоҷикистони азизро  ба ҷашни  пуршукӯҳи 25 — солагии истиқлолият  наздиктар мекунад.
Истиқлолияти давлатиро метавон рӯйдоди давронсоз, арзиши бузургтарини миллат, василаи ягонаи нигаҳдории ҳусну шоистагиҳои миллӣ унвон кард. Истиқлолият ба мо неъматҳои бешумор дод, ки озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи интихоб аз ҷумлаи нахустини онҳо  мебошанд,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Таъкид шуд, ки дар давоми  25 сол барои  худ  ва  ҷаҳониён борҳо бо амалҳои бунёдкоронаи дохилидавлатию ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ исбот намудем, ки Тоҷикистон    давлати  мустақил аст ва ин давлат сиёсати дохиливу  хориҷии  мустақил  дорад.  Инро  дер  ё    зуд ҳатто бадхоҳони мо низ эътироф  карданд.
«Мо истиқлолияти давлати хешро дар шароити ниҳоят сахту вазнин ҳифз кардем, ҷанги таҳмилӣ ва муҳосираи  иқтисодӣ  натавонистанд рӯҳи озодипарасти моро бишкананд. Мо пеш рафтем ва ба роҳи бунёди давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодӣ  ворид шудем»,- иброз дошт Ш. Зуҳуров.

Июнь 30, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст