Даргузашти Хуршеда Отахонова
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз баъд аз беморӣ академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон, олими шинохтаи мамлакат Хуршеда Отахонова дар синни 84 аз олам даргузашт.
Хуршеда Отахонова соли 1953 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «филология — адабиётшинос» хатм карда, минбаъд фаъолияти босамари меҳнатии худро дар самти адабиёти муосири тоҷик, матншиносии адабиёти муосири тоҷик ва бойгониҳои адабӣ равона кардааст. Х.Отахонова ба сифати мудири шуъбаи мероси адабӣ (солҳои 1971-1989), мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашр (солҳои 1989-2003), мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷик (солҳои 2003-2009), сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ кор кардааст.
Барои хизматҳои шоиста бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидааст.
Соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






