Дарёфт намудани зиёда аз 100 кило бангдонаи худрӯй
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони милитсия миқдори муайяни ниҳолҳои худрӯйи бангдона дарёфт карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Деваштиҷ аз ҳудуди заминҳои бекорхобидаи деҳаи Зарнисор 320 бех бо вазни 3 килою 200 грамм, дар шаҳри Исфара 1700 бех бо вазни 9 кило, дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳудуди заҳбури хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ» ва «Иброҳим»-и ҷамоати деҳоти Палдорак 18105 бех бо вазни 31 кило, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Унҷӣ 11000 бех бо вазни 16 килою 570 грамм, аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Д. Холматов 10000 бех бо вазни 16 килою 550 грамм, аз ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 16075 бех бо вазни 40 килограмм ва дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ аз заминҳои ғайрикорами мавзеи Лангараки ҷамоати Язгулом 3000 бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона бо вазни 22 килою 500 грамм дарёфт гардиданд.
Дар маҷмӯъ, вазни умумии ниҳолҳои худрӯи бангдона 138 килою 829 граммро ташкил медиҳад.








То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






