Дарёфт ва мусодираи ёқути сурх аз сокини ноҳияи Хуросон
Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир карда шуд
Дар вақти кофтукови шахсӣ мувофиқи маълумотномаи Корхонаи иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номбурда 23,83 грамм санги қиматбаҳои ёқути сурх дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 28-солаи ноҳияи Ёвон ва сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ дошти сангҳои қиматбаҳо дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ мувофиқи маълумотномаи Корхонаи иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо 31,08 грамм сангҳои қиматбаҳои ёқути сурх дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






