Дарёфти зиёда аз 5 кило маводи нашъадор
Душанбе, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯи 5 июни соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили бастаи полиэтилении ӯ маводи нашъадори навъи афюн, вазнаш 4 кило ва маводи нашъадори навъи ҳашиш бо вазни 1 килою 930 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҷамъи маводи гирифташуда 5 килою 930 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






