Дастаи «Динамо»-и ВКД ҶТ «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016»-ро ба даст овард
Душанбе, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию ватанпарастӣ, инкишофи бозии футбол дар пойтахт ва бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 май то 6 июни соли равон мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳои хоҳишманд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ — 2016» доир гардид.
Дар мусобиқа 26 дастаи футболбозон байни ҳам рақобат доштанд.
4 июн дар майдончаи варзишии кӯчаи Маяковскии пойтахт даври ниҳоии ин мусобиқа баргузор гардид, ки дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳам бозӣ намуданд. Дар сабқат футболбозони дастаи «Динамо» аз лаҳзаи аввал ба ҳуҷум гузашта, аллакай дар дақиқаи дуюм ҳисобро кушоданд.
Ҳамлаҳои пай дар пай ва бозии муваффақи динамочиён имкон доданд, ки онҳо дар нимаи аввали бозӣ ба дастаи ҳариф шаш голи беҷавоб зананд. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони дастаи Вазорати тандурустӣ низ аз ҳимоя каме ба ҳуҷум гузаштанд. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 10:2 ба фоидаи динамочиён анҷом ёфта, дастаи «Динамо»-и ВКД ғолиби «Ҷоми шаҳрдорӣ — 2016» гардиданд.
Қабл аз ин, барои дарёфти ҷойи сеюм дастаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуда, дастаи ҲХДТ бо ҳисоби 4:2 ғолибият ба даст овард ва сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ҳамин тариқ, дар ин мусобиқа дастаи «Динамо»-и ВКД ҷойи аввал, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарини мусобиқа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷом, диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






