Дастаи волеболбозони «Душанбе-1»- ғолиби мусобиқа
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5-уми июни соли равон дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии №5- и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дастаҳо дар ду марҳила барои баромадан ба даври ниҳоӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Дастаи волейболбозони «Душанбе-1» аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Мақоми дуюмро дастаи Суғд ва ҷойи сеюмро дастаи ВМКБ касб намуданд.
Ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






